![]() |
![]() |
Санаи 27-уми апрели соли 2026, тибқи нақшаи чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия дар Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Китоб-сарчашмаи дониш ва омили рушди маънавиёти ҷомеа” бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии китоб” баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур устодон, донишҷӯён ва кормандони китобхона фаъолона иштирок намуданд.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, дотсент Гулзода А.А. оғоз намуда, дар бораи аҳаммияти китоб дар рушди маънавию фарҳангии ҷомеа ибрози назар кард. Сипас, оператори барномаҳои системавии китобхонаи электронӣ Қурбоналиев А. бо маърӯза дар мавзуи “Китоб-сарчашмаи дониш ва омили рушди маънавиёти ҷомеа” баромад намуда, нақши китобро дар баланд бардоштани сатҳи маърифат ва худшиносии инсон муҳим арзёбӣ намуд.
![]() |
![]() |
Ҳамчунин, китобдори дараҷаи II Назарова Л. дар мавзуи “Китоб-манбаи илму дониш ва сарчашмаи дарёи ақл” маърӯза пешниҳод кард. Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён порчаҳои манзумро дар васфи китоб қироат намуда, фазои фарҳангиву адабиро ғанӣ гардониданд.

Дар фарҷом, маҳфил бо сухани ҷамъбастии мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, дотсент Гулзода А.А. анҷом ёфта, ба кормандони китобхона барои ташкили чунин ҳамоиши илмӣ-адабӣ аз номи раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуд.
![]() |
![]() |
Хабарнигори сомона






