![]() |
![]() |
Дар доираи таҷлили “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия”, ки аз 20 то 25 апрели соли 2026 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Намояндагии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд.
![]() |
![]() |
Ҳамоиши мазкур ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, бахусус кормандони соҳаи тандурустӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба аҳаммияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятӣ бахшида шуда буд. Дар чорабинӣ мутахассисони байналмилалии ТУТ дар Тоҷикистон, коршиносони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» иштирок намуданд.

Ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, н.и.т. Шокирӣ У.Ғ. ифтитоҳ намуда, дар сухани ифтитоҳии худ аҳаммияти рушди фарҳанги иммунизатсия ва нақши калидии мутахассисони соҳаи тибро дар таҳкими саломатии аҳолӣ таъкид кард. Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои соҳавӣ бо маърӯзаҳои илмӣ ва иттилоотӣ баромад намуда, масъалаҳои марбут ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фарогирии ваксинатсия ва таҷрибаҳои муосири иммунопрофилактикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
![]() |
![]() |
Ҳамчунин, дар раванди ҳамоиш аз ҷониби намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ викторина баргузор гардид ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҷиҳати баргузории “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия” дастгирӣ намуда, тавассути гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба аҳаммияти ваксинатсия баланд мебардорад.
![]() |
![]() |
Шуъбаи равобити байналмилалӣ.








