
Аз 20-ум то 25-уми апрели соли 2026 дар саросари кишвар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Озмуни мазкур дар ноҳияи Данғара низ бо омодагиҳои ҳамаҷониба ташкил ва баргузор шуд. Лозим ба қайди хос аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки адабӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти худшиносии миллӣ, омӯзиши амиқи осори безаволи Ҳаким Фирдавсӣ - “Шоҳнома” ва гиромидошти мероси ғании ниёгон мебошад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ ҳамчун муассисаи пешсафи таълимӣ дар тарбияи мутахассисони баландихтисос, ҳамзамон, ба рушди фарҳангиву маънавии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чунин озмунҳо далели равшани ин таваҷҷуҳ ба ҳисоб меравад. Дар даври дуюми озмун донишҷӯёни донишгоҳ бо сатҳи баланди омодагӣ ва маҳорати суханварӣ баромад намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ Қурбонмамад Шаҳру ва донишҷӯи курси дуюми ҳамин факултет Алимардонзода Бахтинисо бо баромади шоиста сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Донишҷӯи курси дуюм Аҳмадова Жасмина бошад, сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.

Комёбии донишҷӯён натиҷаи меҳнати пайваста, таваҷҷуҳи устодон ва муҳити мусоиди таълимӣ дар донишгоҳ мебошад. Ғолибон бо нишон додани маҳорати баланди худ ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд, ки ин дастоварди назаррас барои муассиса маҳсуб меёбад. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз дастовардҳои донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид менамояд, ки чунин озмунҳо дар ташаккули шахсияти комил, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд.

Муовинати тарбия ва фарҳанг.
