ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

 
 Санаи 28-уми апрели соли 2026 тибқи накшаи чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия маҳфили илмии донишҷӯён “Avicenna” таҳти роҳбарии PhD Норматова М.А. - мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2, чорабинии илмӣ-адабӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии забони англисӣ доир гардид. 
 
Дар чорабинӣ барномаҳои гуногун пешкаш гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯён бо маърӯзаҳо оид ба нақши забони англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва забони илм баромад намуданд. Ҳамчунин, аз Уилям Шекспир ва саҳми арзандаи ӯ дар ғанӣ гардондани забони англисӣ ёдоварӣ карда шуд, ки то имрӯз аҳамияти бузурги худро нигоҳ доштааст.
 
Илова бар ин, донишҷӯён порчаҳои адабӣ ва шеърҳои манзумро дар васфи китобу дониш қироат намуда, барномаи фарҳангиро бо саҳначаҳо ва намоишҳои кӯтоҳ пешкаш карданд, ки робитаи зичи забон ва фарҳангро ба таври ҷолиб бозтоб намуд.
   
Дар сухани ҷамъбастӣ роҳбари маҳфил, PhD Норматова М.А. таъкид кард, ки омӯзиши забони англисӣ барои донишҷӯёни тиббӣ аҳамияти хоса дорад, зеро он забони илм ва воситаи муоширати байналмилалӣ мебошад. Чорабинӣ бо фазои илмӣ ва фарҳангӣ анҷом ёфт ва донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқтари забон ҳавасманд сохт.
 
 
Муовинати илм ва нашрия,
Кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2.

Please publish modules in offcanvas position.