ҒОЛИБИЯТ ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

   
Санаи 27-уми апрели соли 2026 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо иштироки васеи истеъдодҳои ҷавон баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги миллӣ миёни насли наврасу ҷавон роҳандозӣ гардида истода, ҳамасола бо шаҳомати хоса баргузор мегардад.
   

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси ноҳияи Данғара Ҳакимзода Зуҳро, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати фарҳанги вилоят, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Суноатзода Ҳасан, аъзои ҳайати ҳакамон, намояндагони соҳаи фарҳанг ва дӯстдорони санъат иштирок намуданд. Дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ довталабон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ фаъолона ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар баробари аз худ намудани нозукиҳои илми тиб, ба рушди қобилиятҳои эҷодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии худ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва дар чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ пайваста иштирок мекунанд.
   
Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки дар омодасозии донишҷӯён ба чунин озмунҳо Муовинати тарбия ва фарҳанги донишгоҳ нақши калидӣ мебозад. Ин ниҳод тавассути баргузории машғулиятҳои иловагӣ, машваратҳои методӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ барои рушди ҳамаҷонибаи донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам оварда, онҳоро ба иштироки фаъол дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳавасманд мегардонад.
   
Дар натиҷаи иштироки фаъол ва омодагии ҷиддӣ, донишҷӯёни курси сеюми факултети тиббӣ - Баротова А. дар номинатсияи «Навозандагӣ» ва Алиева М. дар номинатсияи «Рассомӣ» маҳорати баланди ҳунарӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ин дастовард бозгӯи заҳмати пайваста, истеъдоди фитрӣ ва сатҳи баланди омодагии донишҷӯён буда, боиси ифтихори донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Муовинати тарбия ва фарҳанг.  

Please publish modules in offcanvas position.