
29-уми апрели соли 2026 ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шурои олимон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ намуд. Дар кори ҷаласа аъзои Шурои олимон, роҳбарони сохторҳо, мудирони кафедраҳо ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд. Раиси Шурои олимон ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Ҳамзамон, қабл аз баррасии масъалаҳои рӯзнома аз ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вохӯрии судманди Пешвои миллат бо фаъолони вилоят ёдоварӣ намуда, дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро вобаста ба таъмини рушди устувору ҳамаҷонибаи давлату ҷомеа, омодагӣ ба таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, таъкид намуд.

Сипас, масъалаҳо тибқи рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи масъалаи «Маълумот оид ба фаъолияти комиссияи доимамалкунандаи дохилидонишгоҳӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ДДТХ» муовини раиси комиссия, мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. баромад намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқии кормандону донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳи шаффофият дар фаъолияти сохторҳои донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод кард. Қайд гардид, ки дар ин самт як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ амалӣ гардида, натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд.

Дар масъалаи дуюм «Ҳисобот оид ба фаъолияти кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ дар солҳои таҳсили 2021–2026» мудири кафедра Назаров Ҷ.Т. баромад намуда, зимни маърӯза фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва методии кафедраро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дод. Қайд карда шуд, ки кафедра дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, нашри мақолаҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳайати кафедра минбаъд низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои бадастомада ва расидан ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар талош менамояд.

Дар масъалаи сеюм - «Ҳисобот оид ба фаъолияти кафедраи фанҳои стоматологӣ дар солҳои таҳсили 2021-2026» мудири кафедра Сафарализода Ф.С. баромад намуда, дастовардҳои кафедраро дар самти фаъолияти таълимӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, рушди малакаҳои амалии донишҷӯён ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири стоматологӣ мавриди таҳлили муфассал қарор дод. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кафедра ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва такмили раванди омӯзиш корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба таҳким ва такмили базаи моддию техникӣ, инчунин густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, таъкид гардид, ки дар ин самт корҳои мақсаднок минбаъд низ идома дода мешаванд.

Дар масъалаи чорум - «Маълумот оид ба фаъолияти кафедраи химияи тиббӣ ва экология дар соли таҳсили 2025-2026» мудири кафедра С. Гулмамад маълумот пешниҳод намуд. Дар баромад фаъолияти кафедра дар самтҳои таълим, тарбия ва илм мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Зикр карда шуд, ки раванди таълим дар асоси барномаҳои муосир ба роҳ монда шуда, ба масъалаи тарбияи донишҷӯён ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамзамон, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устодону донишҷӯён, иштироки онҳо дар конфронсҳо ва чорабиниҳои илмӣ тақвият ёфта истодааст. Таъкид гардид, ки кафедра ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими кори тарбиявӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт минбаъд низ фаъолиятро идома хоҳад дод.
![]() |
![]() |
Дар масъалаҳои ҷорӣ як қатор лоиҳаҳои қарори Шурои олимон пешниҳод гардида, мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Дар натиҷа, лоиҳаҳои пешниҳодшуда бо назардошти фикру пешниҳодҳои аъзои Шуро тасдиқ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар ҷамъбаст Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуда, фаъолияти кафедраҳо ва дар маҷмӯъ раванди таълим, тарбия, корҳои илмӣ ва муолиҷавиро мусбат арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои донишгоҳ ва баланд бардоштани самаранокии корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас ва тавсияҳои дахлдор дод.
![]() |
![]() |
Хабарнигори сомона.




