
1-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маросими тантанавии кушодашавии мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди “Футболи хурд” байни ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур ба як қатор санаҳои муҳими таърихию ҷашнӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-уми май - Рӯзи ҷаҳонии футбол, 23-юми май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 18-уми август - Рӯзи табибон ва 10-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида шудааст. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар миёни иштирокчиён рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату миллат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ эҳсос мегардид.

Дар маросими ифтитоҳ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Бунёдзода С.Х. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба оғози мусобиқа табрик гуфт. Ӯ зимни суханронии худ аз фазои орому осуда, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар имрӯз тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва варзиш рушду тараққӣ доранд.
![]() |
![]() |
Дар идомаи суханронӣ аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, бунёду таҷдиди муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, беҳтар намудани шароити таҳсилу хизматрасонӣ ва татбиқи технологияҳои муосир аз ҷумлаи ин дастовардҳо мебошанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки рушди соҳаи варзиш, махсусан футбол, дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми муҳим дорад. Зикр шуд, ки эълон гардидани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар арсаи байналмилалӣ аз ташаббусҳои муҳим буда, дар рушди ин намуди варзиш ва густариши он дар миёни аҳолӣ нақши муассир мегузорад. Дар ин замина, аз ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ёдоварӣ карда шуд. Қайд гардид, ки бо талошҳои пайвастаи ӯ футбол дар кишвар рушд ёфта, инфрасохтори варзишӣ такмил ёфта, шароити мусоид барои машғул шудан ба ин намуди варзиш фароҳам оварда шудааст. Инчунин, баргузор намудани мусобиқаҳои гуногунсатҳ ба баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва ҷалби ҷавонон ба футбол мусоидат менамояд.
![]() |
![]() |
Дар идомаи баромад, таъкид шуд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин мусобиқаҳо таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ, рушди фарҳанги варзишӣ, ҷалби кормандон ба варзиш ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ дар муҳити корӣ мебошад. Сипас, тибқи барномаи мусобиқа, бозиҳои аввал миёни дастаҳои “Сипар” ва “Ободкорон”, инчунин “Иноватор” ва “Назорат” баргузор гардида, бо рақобати ҷолибу диданӣ оғоз ёфтанд. Иштирокчиён маҳорати варзишӣ, ҳамоҳангии даставӣ ва иродаи қавии худро нишон дода, бозиро ҷолибу хотирмон гардониданд.
![]() |
![]() |
Қайд кардан ба маврид аст, ки мусобиқа то охири моҳи майи соли ҷорӣ идома ёфта, дар ин муддат ҳамаи дастаҳо байни ҳам сабқат намуда, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ мубориза хоҳанд бурд. Ғолибон бо сипосномаҳо, дипломҳо ва мукофотҳои арзанда қадрдонӣ карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба як анъанаи нек табдил ёфта, дар таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва баланд бардоштани рӯҳияи ҳамбастагӣ миёни кормандону омӯзгорон нақши муҳим мебозад.

Хабарнигори сомона.






