МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН: “ДЕРМАТОВЕНЕРОЛОГҲОИ ҶАВОН”

 
Санаи 04.05.2026 дар кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуи «Оташак" (Сифилис) баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки ин бори дуюм аст, ки маҳфилҳои илмӣ бо шакли нав баргузор мешаванд. Бо ташаббуси мудири кафедра, н.и.т. Исодухт Баҳринисо, пас аз сафари хизматӣ ба шаҳри Омск, тағйирот ва навовариҳо дар тарзи гузаронидани маҳфилҳо ворид карда шуданд.
   
Дар ҷараёни маҳфил аз дастурамалҳои таълимии кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи тиббии Омск истифода гардид. Ҳамчунин, бо иқдоми мудири кафедра порчаҳо аз асари шеърии духтури тибби ҳарбӣ ва шоир Семен Ботвинник дар бораи бемории сифилис қироат карда шуданд. Ин достон аз 48 мисраъ иборат буда, бо забони содда ва равон масъалаҳои марбут ба барганзеда, патогенез, аломатҳои клиникӣ ва усулҳои табобати беморӣ баён мекунад.
 
Дар анҷоми маҳфил омӯзгорони кафедра - Фаридов А.А., Раҳмонов Ф. ва Раҷабов З.А. - баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба мазмун ва тарзи баргузории маҳфил баён карданд. Онҳо пешниҳодҳои худро барои боз ҳам беҳтар ва самаранок гузаронидани маҳфилҳои минбаъда ироа намуданд.
 
       Муовинати илм ва инноватсия,
      Кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология.
 
Хабарнигори  сомона.  

Please publish modules in offcanvas position.