
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аттестатсияи давлатии хатми донишҷӯёни курси 6-уми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ, инчунин курси 5-уми факултети стоматологӣ аз санаи 1-уми май оғоз гардида, то ба ҳол идома дорад. Аттестатсияи давлатӣ яке аз марҳилаҳои муҳими хатми таҳсил ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани сатҳи омодагии назариявӣ ва амалии хатмкунандагон баргузор карда мешавад.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
Раиси комиссияи имтиҳони давлатӣ дар факултети тиббӣ номзади илмҳои тиб, сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва ҳамзамон дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино - Матинов Ш.Қ. дар факултети педиатрӣ доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино - Хоҷаева Нигина Муродовна ва дар факултети стоматологӣ номзади илмҳои тиб ва котиби илмии Пажуҳишгоҳи илмию клиникии “Стоматология” ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳророва З. таъин гардидаанд.
![]() |
![]() |
Аттестатсияи давлатии хатм аз имтиҳонҳои тестӣ, шифоҳӣ ва санҷиши малакаҳои амалӣ иборат мебошад. Саволномаҳои тестӣ барои ҳамаи факултетҳо аз фанҳои бемориҳои дарунӣ, бемориҳои ҷарроҳӣ, беҳдошти иҷтимоӣ, биохимия, бемориҳои сироятӣ, фалсафа, физиологияи нормалӣ, анатомияи нормалӣ, гистология ва асабшиносӣ таҳия гардидаанд.
![]() |
![]() |
Қисмати шифоҳӣ ва санҷиши малакаҳои амалӣ вобаста ба ихтисоси ҳар як факултет баргузор мегардад. Дар факултети тиббӣ донишҷӯён аз фанҳои бемориҳои дарунӣ, бемориҳои ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекологӣ имтиҳон месупоранд. Барои факултети педиатрӣ имтиҳонҳо аз бемориҳои кӯдакона, неонатология ва ҷарроҳии кӯдакона гузаронида мешаванд. Дар факултети стоматологӣ бошад, донишҳои хатмкунандагон аз самтҳои стоматологияи муолиҷавӣ, ҷарроҳии ҷоғу рӯй, ортодонтия ва стоматологияи кӯдакона санҷида мешаванд.
![]() |
![]() |
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли таҳсили 2025-2026 дар маҷмуъ 365 нафар хатмкунанда дар аттестатсияи давлатии хатм иштирок менамоянд. Аз ин шумора 168 нафар донишҷӯёни факултети тиббӣ, 131 нафар факултети педиатрӣ ва 66 нафар факултети стоматологиро ташкил медиҳанд. Қабл аз оғози имтиҳонҳои хатми давлатӣ роҳбарияти донишгоҳ ва масъулони соҳаи таълим бо хатмкунандагон вохӯрӣ баргузор намуда, тартиб ва талаботи баргузории аттестатсияи давлатиро ба онҳо шарҳ доданд.
![]() |
![]() |
Шуъбаи таълим.
Хабарнигори сомона .












