БАРГУЗОРИИ ЛЕКСИЯИ НАВБАТИИ МУТАХАССИСОНИ СОҲА БАРОИ ДОНИШҶӮЁН ВА КОРМАНДОН

 
  Санаи 13-уми майи соли 2026 аз ҷониби номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино - Матинов Ш.Қ. барои донишҷӯёни курсҳои 4-ум, 5-ум ва 6-уми ҳамаи факултетҳо лексия дар мавзуи «Брутселлёз» баргузор гардид. Дар баробари донишҷӯён, ҳамзамон, дар лексия ассистентони кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология ва кафедраи беҳдошт ва эпидемиологияи ДДТХ, кормандони Беморхонаи вилоятии клиникии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара иштирок намуданд.
 

 Дар ҷараёни лексия масъалаҳои мубрами вобаста ба этиология, эпидемиология, аломатҳои клиникӣ, ташхис, табобат ва роҳҳои пешгирии бемории брутселлёз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Қайд карда шуд, ки Бруселлёз (лот. brucellosis) - бемории сироятии зооантропонозӣ буда, аз ҳайвоноти бемор ба инсон мегузарад ва бо осебёбии бисёр узвҳо ва системаҳои организми инсон тавсиф мешавад. Ангезандаи беморӣ бактерияҳои ҷинси Brucella мебошанд.
   

Соли 1886 олими англис Дэвид Брюс аввалин маротиба бактерияҳои ангезандаи ин бемориро кашф намуд. Ба ифтихори ӯ ин микроорганизмҳо «бруселла» ва худи беморӣ «бруселлёз» номгузорӣ шуданд. Ба ин сироят ҳамаи намудҳои ҳайвоноти хонагӣ ва инчунин инсон ҳассос мебошанд. Сироятёбӣ бештар ҳангоми тамос бо ҳайвоноти бемор ё истеъмоли маҳсулоти ҳайвонотии коркарднашуда, махсусан шири хом ва маҳсулоти ширӣ, ба амал меояд.
   Дар фарҷоми лексия саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъ доир шуда, иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас ва муфассал барои худ гирифтанд. Баргузории чунин лексияи мутахассисон барои омода шудани донишҷӯён чун табибони оянда аз манфиат холӣ нест ва Раёсати донишгоҳ чунин иқдомро дар фаъолияти минбаъда низ идома хоҳад дод.
        Муовинати муолиҷавӣ.
Хабарнигори сомона.  

Please publish modules in offcanvas position.