ДАСТОВАРДҲО АЗ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

   
7-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланд баргузор гардид.
 
  Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ зиёда аз 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, аз рӯйи 15 фанни таълимӣ байни ҳам рақобат карданд. Озмун аз рӯйи ду равия-фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фанҳои табиатшиносию риёзӣ баргузор гардида, барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва рушди тафаккури илмии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.
    Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ 11 нафар донишҷӯёни фаъолу болаёқат таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Аҳмадиён Ш.Р., бо омодагии ҷиддӣ дар олимпиада иштирок намуда, дониш ва маҳорати худро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ муаррифӣ карданд. Дар маросими ҷамъбастии олимпиада Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳими илмӣ мубаддал гардида, барои муайян намудани сатҳи дониш, такмили маҳорати касбӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва ташаккули муҳити солими рақобат миёни ҷавонон нақши муассир дорад.
   
Пас аз баррасӣ ва натиҷагирӣ се нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон: Шарифзода Сумая - донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ аз фанни сиёсатшиносӣ, Кенҷаева Нозия - донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ аз фанни биология ва Каримзода Марҳабо - донишҷӯи курси якуми факултети педиатрӣ аз фанни забони русӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
 

  Ҳамзамон, Қодирзода Абдураҳмон - донишҷӯи курси сеюм, аз фанни физика бо нишон додани дониши амиқ ва натиҷаҳои назаррас бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. Муваффақияти донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бозгӯи сатҳи баланди омодагии илмӣ, таваҷҷуҳи пайваста ба омӯзиши фанҳо ва дастгирии мунтазами роҳбарияти донишгоҳ дар самти рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон мебошад.
   Раёсати донишгоҳ дар фаъолияти минбаъда кушиш бар он дорад, ки дастовардҳо боз ҳам бештар гарданд ва барои омодагии донишҷӯён шароитҳои боз ҳам беҳтарро фароҳам оварад.
Хабарнигори сомона. 
 

Please publish modules in offcanvas position.