ВОХӮРИИ СУДМАНД

   
Санаи 15-уми майи соли 2026, дар доираи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон», ки аз соли 2023 то соли 2028 таҳти маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, намояндагони Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва сармутахассис оид ба аккредитатсияи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф оварданд.
   
Намояндагонро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон расман қабул намуда, доир ба раванди татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон», таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани сифати таҳсилоти тиббӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти муассиса ба талаботи муосири аккредитатсионӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
     Лозим ба қайд аст, ки лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» яке аз барномаҳои муҳими давлатии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии он беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва тақвияти омодагии низоми тандурустӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.
     
Дар ҷараёни музокирот, бо розигии расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
     Ҳадафи асосии санади мазкур таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти рушди таҳсилоти тиббӣ, татбиқи барномаҳои таҳқиқотӣ ва сотсиологӣ, гузаронидани мониторинг ва арзёбии сифат, инчунин дастгирии равандҳои аккредитатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ арзёбӣ мегардад.
 
  Ҷонибҳо иброз доштанд, ки имзои Ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкориҳои минбаъда, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосир дар самти таълим, илм ва тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
 
Шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Please publish modules in offcanvas position.