![]() |
![]() |
Санаи 11-уми майи соли 2026 дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим-пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ доир шуда, дар он олимону муҳаққиқон ва меҳмонон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Фаронса, Инглистон ва Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
![]() |
![]() |
Дар кори симпозиум намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон - муовини ректор оид ба илм ва инноватсия н.и.т. Холзода Ш.И., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дотсент Гулзода А.А., омӯзгорони кафедраи мазкур - Каримзода П.А., Б. Мурод, Нурматов У.С. ва Шералиев Б.Р. низ фаъолона ширкат варзиданд.
Пас аз анҷоми кори симпозиум меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон боздид ба амал оварданд. Нахуст иштирокчиён ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар намуда, аз маҷмааи ёдгории таърихии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, аз ҷумла муҷассама, зиёратгоҳ, хонаи самоъ, китобхона ва дигар иншооти фарҳангӣ дидан карданд. Сипас, меҳмонон ба ноҳияи Восеъ сафар намуда, аз Қалъаи таърихии Ҳулбук ва осорхонаи он боздид карданд. Ба иштирокчиён таъриху фарҳанги шаҳрдории асрҳои IX–XI муаррифӣ гардида, инчунин филми мустанади «Хутали қадим» намоиш дода шуд.
![]() |
![]() |
Дар идомаи хатсайр меҳмонон ба ноҳияи Ховалинг сафар карда, аз кӯли Нозкӯл, деҳаи зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, осорхона ва ҷувози таърихии равғанкашӣ боздид намуданд. Дар назди муҷассамаи Восеъ барномаи фарҳангӣ бо суруду рақси миллӣ пешниҳоди меҳмонон гардид.
Ҳамчунин, иштирокчиёни симпозиум аз мавзеи бостонии Кӯлдара дар ноҳияи Балҷувон, ки таърихи беш аз ҳаштунимҳазорсола дорад, дидан намуданд. Баъдан онҳо ба Қалъаи таърихии Балҷувон ташриф оварда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, тарзи зиндагии қадима ва фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон аз наздик шинос шуданд.
![]() |
![]() |

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ








