ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ИҶРОКУНАНДАИ МАЛАКАҲОИ АМАЛӢ» ДАР ДДТХ БАРГУЗОР ГАРДИД

   
 Санаи 18-уми майи соли 2026 дар Маркази омӯзиши симулятсионии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон озмуни «Беҳтарин иҷрокунандаи малакаҳои амалӣ» баргузор гардид.
     Озмун бо иштироки фаъоли донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм, 4-ум ва 5-уми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ доир гардида, ба баланд бардоштани сатҳи омодагии амалии донишҷӯён, такмили малакаҳои касбӣ ва таҳкими донишҳои назариявии онҳо дар амал равона карда шуд. Дар озмун донишҷӯён бо рӯҳияи баланди рақобати солим иштирок намуда, маҳорати амалии худро аз рӯи 10 фанни клиникӣ ба намоиш гузоштанд.
   
 Иштирокчиён зимни иҷрои малакаҳои амалӣ сатҳи дониш, малакаи корбарӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, тарзи дурусти гузаронидани муоина ва расонидани ёрии аввалияи тиббиро нишон доданд. Ҳамзамон, ба малакаҳои муоширати касбӣ, риояи қоидаҳои этикаи тиббӣ, қабули қарорҳои дуруст дар ҳолатҳои клиникӣ ва иҷрои саривақтии амалҳои тиббӣ диққати махсус дода шуд.
     
Ҳар як малакаи амалӣ аз ҷониби ҳайати комиссия бо низоми аз 0 то 5 хол баҳогузорӣ гардида, сатҳи дониш, малака ва омодагии касбии иштирокчиён муайян карда шуд.
     Мақсади асосии баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи донишҳои амалӣ, такмили маҳорати касбӣ, омодасозии донишҷӯён ба фаъолияти мустақили тиббӣ ва татбиқи донишҳои назариявӣ дар амал мебошад. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо барои дарёфт ва ҳавасманд намудани донишҷӯёни фаъолу соҳибмаҳорат мусоидат менамоянд.
     
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти холҳо, донишҷӯёни зерин сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:
     Ҷойи I - Камолова Мунира, донишҷӯи гурӯҳи 511-и факултети тиббӣ, бо гирифтани 49 хол;
     Ҷойи II - Шуҷоатзода Хосиятмо, донишҷӯи гурӯҳи 506-и факултети педиатрӣ, бо гирифтани 47 хол;
     Ҷойи III - Аҳмадов Сардорбек, донишҷӯи гурӯҳи 507-и факултети педиатрӣ, бо гирифтани 46 хол.
   
Дар анҷоми озмун таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-амалӣ дар доираи сиёсати рушди таълиму тибби муосир барои баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони ҷавон аҳаммияти муҳим дошта, ба ташаккули малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Муовинати муолиҷавӣ.

Please publish modules in offcanvas position.