
Рӯзи 15 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ – ихтироъ ва ҳифзи ҳуқуқии он» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур н.и.т. Холзода Ш.И. - муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДТХ ва ҲПО-и донишгоҳ иштирок намуданд. Ҳамзамон дар чорабинӣ 20 нафар омузгорони Донишгоҳи давлатии Данғара дар роҳбарии муовини ректор оид ба илм, н.и.х., дотсент Олимзода Р. иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии онҳо дар бораи моҳияти моликияти зеҳнӣ ва тартиби ҳифзи ҳуқуқии он роҳандозӣ шуд. Семинар тибқи Нақшаи баргузории семинар-машваратҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон сурат гирифт.
Дар ҷараёни семинар мутахассисони соҳа бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Аз ҷумла:
![]() |
![]() |
- Сорбони Саидҷалол, Сардори Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ, дар мавзӯи «Моликияти зеҳнӣ ва низоми бақайдгирии давлатии он» суханронӣ карда, аҳамияти ҳифзи ҳуқуқии ихтироъҳоро барои рушди илм ва саноат шарҳ дод.
- Шарифов Соатулло, сармутахассис – коршиноси Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ, бо маърӯзаи худ дар мавзӯи «Тарзи тартибдиҳӣ ва пешниҳоди ариза барои гирифтани патент ва нахустпатент» тартиби амалии пешниҳоди ариза ва марҳилаҳои расмии гирифтани ҳуҷҷати ҳуқуқиро ба донишҷӯён ва омӯзгорон фаҳмонид.
- Сафаралиев Ҳ., ходими калони илмии Раёсати иттилооти илмӣ-техникӣ ва патентӣ, дар мавзӯи «Тартиби гузаронидани ҷустуҷуи мавзуи илмӣ-технекӣ» баромад намуда, тартиби расмии сабти корҳои илмӣ ва рисолаҳои ҳимояшударо муаррифӣ кард.
Ин баромадҳо ба иштирокчиён имконият доданд, ки бо равандҳои ҳуқуқӣ ва амалии ҳифзи моликияти зеҳнӣ шинос шуда, дониш ва малакаи худро дар ин самт густариш диҳанд.
![]() |
![]() |
Ин семинар барои донишҷӯён ва омӯзгорон имконият фароҳам овард, то бо равандҳои ҳуқуқии ҳифзи ихтироъҳо ва дастовардҳои илмӣ шинос шаванд. Чорабинӣ ба рушди тафаккури эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии ҷавонон мусоидат намуда, заминаи устувор барои ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ дар кишвар фароҳам овард.
Муовинати илм ва инноватсия




