Дар ҳошияи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб”

Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун яке аз ташаббусҳои муҳиму дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои байналмилалӣ аҳаммияти хос касб мекунад. Ин иқдом дар баробари муаррифии арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои илмиву фарҳангии тоҷикон, ҳамзамон бозгӯи сиёсати фарҳангпарварона ва илммеҳвари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти гуногуни соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим, буҳронҳои экологӣ ва масъалаҳои амнияти саломатӣ рӯ ба рӯ гардидааст, таваҷҷуҳ ба илм ва рушди тиб аҳаммияти бештар пайдо кардааст.
Маҳз дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рамзи эҳтиром ба илму маърифат ва қадршиносӣ аз хизматҳои олимону пажуҳишгарони соҳаи тиб аҳаммияти бузург дорад. Ин иқдом, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба шахсияти барҷастаи таърихи башарият - Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки бо осори мондагори худ дар ташаккули илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми беназир гузоштааст.
Абӯалӣ ибни Сино на танҳо ҳамчун табиби ҳозиқ, балки ҳамчун файласуф, донишманд ва мутафаккири бузурги Шарқ дар таърихи тамаддуни башарӣ мақоми хоса дорад. Осори гаронбаҳои ӯ, бахусус китоби машҳури «Ал-Қонун», дар тӯли асрҳо ҳамчун дастури асосии тиббӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон истифода гардида, дар рушди тибби илмӣ нақши муассир бозидааст. Назарияҳои илмии ӯ оид ба пешгирии бемориҳо, беҳдошт, тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатӣ имрӯз низ аҳаммияти худро гум накардаанд.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи мантиқии сиёсати фарҳангиву маънавии давлат ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он эҳёи мероси илмии ниёгон ва муаррифии арзишҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин ҷоиза метавонад заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илм ва тандурустӣ фароҳам оварда, олимон, табибон ва пажуҳишгарони ҷаҳонро барои саҳмгузорӣ дар рушди тибби муосир ҳавасманд созад.
Бешубҳа, таъсиси чунин ҷоиза барои таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пуштибони арзишҳои башардӯстона мусоидат хоҳад кард. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба он кишварҳое таваҷҷуҳ мекунад, ки бо иқдомҳои созанда ва пешниҳодҳои аҳаммиятнок дар ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳм мегузоранд. Тоҷикистон низ бо роҳбарии Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли охир тавассути ташаббусҳои байналмилалӣ мавқеи худро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва фарҳангсоз таҳким бахшидааст.
Лозим ба қайди хос аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 18-уми август зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад. Ин анъанаи нек нишонаи арҷгузории давлат ва ҷомеа ба хизматҳои арзишманди ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад. Акнун таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ метавонад номи Абӯалӣ ибни Синоро боз ҳам бештар ҳамчун рамзи илму хирад, инсондӯстӣ ва фарҳанги башардӯстона дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намояд.
Бо итминон метавон гуфт, ки аҳаммияти ин ҷоиза танҳо ба қадрдонии олимон маҳдуд намешавад, балки барои рушди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи технологияҳои навини тиббӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалии соҳаи тандурустӣ низ мусоидат менамояд. Хусусан дар шароити рушди босуръати илм ва технология, дастгирии пажуҳишҳои тиббӣ ва қадршиносӣ аз дастовардҳои олимон аҳаммияти калидӣ пайдо мекунад.

Мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино имрӯз низ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти махсус дорад. Бисёре аз усулҳо ва андешаҳои ӯ, ки садсолаҳо пеш баён гардида буданд, имрӯз аз ҷониби илми муосир тасдиқи худро меёбанд. Ин далел бори дигар собит месозад, ки мактаби илмии Абӯалӣ ибни Сино яке аз пояҳои асосии ташаккули тамаддуни илмии башарият ба шумор меравад.
Бо итминон метавон гуфт, ки ташаббуси таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии мероси пурғановати миллати тоҷик саҳми назаррас хоҳад гузошт. Ин иқдом боз як қадами устувор дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.


БУНЁДЗОДА СОМОН ХУШҚАДАМ,
н.и.ф., дотсент,
муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанги ДДТХ.
