ТАШАББУСЕ, КИ БА РУШДИ ИЛМУ ФАН ТАКОН ХОҲАД БАХШИД

     Дар ҳошияи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб”
 
   
 Боиси ифтихору сарфарозист аст, ки хабари таъсисёбии Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, ки аз ин хусус 23 май фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ба зудӣ таваҷҷуҳи доираҳои илмиро дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба худ ҷалб намуда, бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами тоҷикон ва талошҳои монданашавандаи ин шахсияти бузург баҳри рушду такомули илму фарҳанг дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври равшан башорат дод.
     Ин иқдоми фарҳангпарварона боз як бори дигар исбот намуд, ки Пешвои муаззами тоҷикон аз дастовардҳои илмию фарҳангии фарзонафарзандони миллат , ки дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсола ба даст овардаанд, ба нафъи рушду такомули илму фарҳанги ҷаҳонӣ хеле ҳадафмандона истифода бурда, ҳамзамон таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқонро ба масъалаҳои доғи ҳаёти ҷомеа моҳирона ҷалб менамоянд. Аз ин ҷиҳат ҷоизаи мазкур рамзи эҳтироми давлат ва миллат ба илм, маърифат ва инсонгароӣ буда, дар айни замон паёми фарҳангии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аз тарафи дигар таъсисёбии ҷоизаи мазкур нишони эътирофи хизматҳои таърихии Ҳаким Абуалӣ ибни Сино дар шинохти миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунсоз ва саҳмгир дар рушду инкишофи илми тиб маҳсуб меёбад.        Зиёда аз ҳазор сол аст, ки мероси илмию адабии ҳакими бузург, табиби ҳозиқ, олими номвар ва шоири амиқназар, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи илмро ба худ ҷалб кардааст. Дар тӯли ин муддат роҷеъ ба афкори илмию фалсафии ӯ дар Машриқу Мағриб садҳо тадқиқот, инчунин рисолаю китобҳои алоҳида ва ниҳоят бешумор таълиф шуда, нақши алломаи Машриқзамин ва фарзанди барӯманди миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар тараққӣ ва рушду такомули тамаддуну фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ басо ҳам бориз аст.
     
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и худ Оид ба бузургӣ ва шахсияти нотакрори ин нобиғаи давру замонҳо қайд намудаанд, ки “Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад.Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, «тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тӯли ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд».
     Воқеан, Абӯалӣ ибни Сино агарчи дар ҳамаи соҳаҳои илму дониш асарҳои зиёде иншо карда бошад ҳам, ҷаҳониён ӯро пеш аз ҳама чун табиб мешинохтанд. Вай дар боби илми тиб бештар аз 30 номгӯй рисола иншо кардааст, ки онҳо билохир ба тибби халқҳои Шарқу Ғарб таъсири басо бузурге расондаанд. Баъд аз 150 соли ба табъ расидани «Қонуни тиб» вай аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума карда мешавад. Вай ба забоне тарҷума мешавад, ки бо он тибби ҷаҳонӣ шарҳу баён ёфта буд. Ин китобро дар ҳамаи давру замонба забонҳои халқҳои гуногун гаштаю баргашта рӯнавису чоп мекарданд.
     Сино инсонро ҳамчун як мавҷуди мураккаб ва комил баррасӣ мекунад, ки аз ҷисм ва рӯҳ иборат аст. Ӯ дар осораш ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ҳар як узви инсон на танҳо вазифаи физиологӣ, балки нақши муайян дар тавозуни куллии организми инсон дорад. Сино илми тибро ҳамчун як маҷмӯаи донишҳои мантиқӣ ва таҷрибавӣ мешуморид. Ӯ дар кори худ омӯзиши аломатҳои беморӣ, сабабшиносӣ, ташхис ва табобатро якҷо карда, ба як системаи мутамарказ табдил дод.
     Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб агар аз як тараф обрӯ ва мақому манзалати давлати тозаистиқлоли моро ҳамчун кишвари фарҳангпарвар боз ҳам болотар барад, аз тарафи дигар ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ дар соҳаи тиб дар сатҳи ҷаҳонӣ такони бузурге бахшида, ҷиҳати ширкати васеи олимону пажуҳишгарони тоҷик дар таҳқиқотҳои бунёдии тиббӣ имкониятҳои нав мекушояд ва ба марҳилаи нави муаррифии тамаддуни тоҷикон ва мактаби илмии ниёгони мо дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳи нав мекушояд.
     Аз ин хотир, бо боварӣ метавон гуфт, ки ин ташаббуси таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб аз ҳар ҷиҳат шоистаи ифтихору сарфарозии ҳар як фарди ин сарзамин маҳсуб ёфта, ҷойгоҳи кишвари биҳиштосои моро ҳамчун давлати ташаббускор ва созанда дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам намуда, дар баробари ин барои ҳамдастию ҳамгироии олимони кишварҳои гуногун ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои нави ташхису табобати бемориҳои гуногун ва ҳифзи солимии ҷомеа имкониятҳои навро фароҳам хоҳад овард.
АҲМАДИЁН ШОДМОН РАҶАБ,
 номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, муовини якуми ректори ДДТХ.

Please publish modules in offcanvas position.