ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД

     Баъд аз 90 сол мушти хоки оромгоҳи фарзонафарзандони миллат ба Ватан баргардонида шуд
 
   
 Саҳифаҳои таърихи ҳар як миллат одатан инъикосгари санаҳои муҳиме мебошад, ки танҳо як рӯйдоди сиёсӣ набуда, балки ҳамчун таҷассумгари эҳёи ҳақиқати таърихӣ, тантанаи волоияти қонун, бедории виҷдон ва пайванди наслҳо дар мустаҳкам намудани пояҳои ваҳдати миллӣ, ва тарбияи ватандӯстии насли ҷавон нақши мондагоре боқӣ мегузоранд.
     Бозгардонидани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нуратулло Махсум ва яке аз поягузорони соҳаи маорифи кишвар Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Ватан аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Ин иқдоми таърихӣ дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои амиқи сиёсиву маънавӣ дошта, рамзи эҳтиром ба таърих, арҷгузорӣ ба гузашта ва эҳёи ҳақиқати таърихии миллат мебошад.
   
Бешак рӯзи 19-уми майи соли 2026 дар таърихи сиёсию фарҳангии кишвари мо бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт. Зеро маҳз дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
     Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хидматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуданд. Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновари таърихӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.
     Дар ҳақиқат миллати тоҷик низ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шахсиятҳои барҷастаеро ба майдони сиёсат ва давлатдорӣ овардааст, ки бо матонат, ҷасорат ва муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан дар роҳи хизмат ба мардум аз худ осори мондагор гузоштаанд. Номи Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва фарзанди барӯманди миллат Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои таърихист, ки фаъолияти онҳо бо сарнавишти давлатдории тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.
     
Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи поягузорони давлати тоҷикон дар асри XX ба шумор меравад. Ӯ яке аз шахсиятҳое буд, ки барои таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян гардидани ҳудуди он дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ талошҳои бузург анҷом дод. Дар шароите, ки масъалаи мавҷудияти миллати тоҷик зери шубҳа қарор дошт, Шоҳтемур бо ҷасорат ва матонати сиёсӣ аз ҳаққи тоҷикон ҳимоят намуд. Маҳз хизматҳои ӯ ва ҳамсафонаш буд, ки миллати тоҷик соҳиби ҷумҳурӣ ва баъдан давлати мустақил гардид. Аммо тақдири ӯ фоҷиавӣ анҷомид. Дар солҳои сиёҳи репрессияҳои сталинӣ ӯ ноҳақ қурбон гардид. Бо вуҷуди ин, номи ӯ аз саҳифаҳои таърих пок нашуд ва имрӯз ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон бо эҳтиром ёд мешавад.
     Нусратулло Махсум низ яке аз чеҳраҳои калидии ҳаракати давлатсозии тоҷикон буд. Ӯ ҳамчун роҳбари сиёсӣ барои рушди маориф, фарҳанг ва худшиносии миллӣ хизматҳои арзанда анҷом дод. Дар замоне, ки тоҷикон ба ҳимояи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худ ниёз доштанд, Нусратулло Махсум бо тамоми ҳастӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ мубориза бурд. Вай низ қурбонии фитнаву туҳматҳои сиёсӣ гардид, аммо таърих номи ӯро ҳамчун фарзанди содиқи миллат абадан зинда нигоҳ дошт.
     Нисор Муҳаммад бошад, аз ҷумлаи шахсиятҳои бедордил ва ватандӯсте буд, ки зиндагии худро ба рушди фарҳангу маорифи кишвар бахшид. Ӯ бо фарҳанги баланди сиёсӣ ва эҳсоси гарми ватандорӣ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллат саҳми муносиб гузоштааст. Имрӯз гиромидошти хотираи ӯ нишонаи эҳтиром ба тамоми фарзандони фарзонаи миллат мебошад.
     Бозгардонидани мушти хок аз оромгоҳи чунин шахсиятҳо танҳо як иқдоми рамзӣ нест. Ин амали дорои аҳамияти бузурги маънавӣ, сиёсӣ ва тарбиявӣ мебошад. Зеро хок барои миллати тоҷик мафҳуми муқаддас дорад. Ҳар мушти хоке, ки аз оромгоҳи фарзандони содиқи миллат оварда мешавад, гӯё қиссаи пурдарди таърихи миллатро нақл мекунад. Ин хок аз мубориза, ҷоннисорӣ, азоб ва умеди фарзандони миллат ҳикоят мекунад.
     Дар оғози асри ХХ миллати тоҷик ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Дар ин давра фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум, барои таъсиси давлати миллии тоҷикон бо тамоми ҳастӣ мубориза бурданд. Маҳз бо ҷоннисорӣ ва талошҳои пайвастаи онҳо масъалаи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон матраҳ гардид. Онҳо дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ тавонистанд ҳаққи таърихии тоҷиконро ҳимоя намоянд.
Мутаассифона, солҳои тӯлонӣ турбати ин фарзандони миллат дур аз Ватан қарор дошт. Барои миллати тоҷик ин як дарди маънавӣ ва таърихӣ буд. Зеро фарзандони содиқи миллат бояд дар оғӯши Модар-Ватан ором гиранд. Бо гузашти қариб як аср маҳз бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ормони таърихӣ амалӣ гардид. Баргардондани мушти хоки қаҳрамонон ба Тоҷикистон на танҳо як иқдоми сиёсӣ, балки эҳтиром ба таърих, арҷгузорӣ ба гузашта ва пос доштани хотираи миллӣ мебошад. Ин рӯйдод аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Зеро миллате, ки қаҳрамонони худро қадр мекунад, ҳеҷ гоҳ аз саҳифаи таърих маҳв намешавад. Ҷавонони имрӯза бояд дарк намоянд, ки истиқлол ва давлатдорӣ бо осонӣ ба даст наомадааст. Барои ҳар ваҷаб хоки Ватан фарзандони зиёде ҷоннисорӣ кардаанд.
   
Зимнан, Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи нави рушди давлатдорӣ қарор дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллӣ эҳё гардида, худшиносии миллӣ тақвият ёфт. Агар дар оғози солҳои навадум хатари аз байн рафтани давлат вуҷуд дошт, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дорад. Ин ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандона, ваҳдати миллӣ ва эҳёи тафаккури ватандӯстӣ мебошад.
     Пешвои миллат дар ҳар суханронӣ таъкид менамоянд, ки миллате бе хотираи таърихӣ ояндаи устувор дошта наметавонад. Аз ҳамин ҷост, ки арҷгузорӣ ба Қаҳрамонони миллӣ, эҳёи ном ва хизматҳои онҳо ба як сиёсати муҳими давлатӣ табдил ёфтааст. Бозгардондани турбати фарзандони фарзонаи миллат рамзи пайванди наслҳо ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад.
     Имрӯз ҳар ҷавони тоҷик бояд аз корнамоиҳои Спитамену Деваштич, Шераку Муқаннаъ, Исмоили Сомониву Темурмалик, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ифтихор намояд. Зеро маҳз ҳамин шахсиятҳо барои ҳифзи миллат, забон ва давлатдорӣ ҷоннисорӣ намудаанд. Агар онҳо намебуданд, шояд имрӯз миллати тоҷик низ ҳамчун бисёр халқҳои дигар дар гирдоби таърих гум мегашт.
     Бозгардонидани хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадаҳ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рамзи пайванди насли муассисони давлатдории тоҷикон бо насли эҳёгари истиқлол мебошад. Агар Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафонашон барои ташаккули давлати тоҷикон мубориза бурда бошанд, Эмомалӣ Раҳмон ин давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба кишвари соҳибнуфуз ва устувор табдил доданд. Аз ҳамин ҷост, ки мардум Пешвои миллатро идомадиҳандаи ормонҳои фарзандони бузурги миллат медонанд.
     Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон танҳо як санаи сиёсӣ нест. Он натиҷаи садсолаҳо мубориза, ранҷ ва ҷоннисориҳои фарзандони миллат мебошад. Имрӯз вақте мушти хоки муборизони роҳи озодӣ баъди қариб 90 соли вафоташон ба хоки Ватан пайваст, гӯё рӯҳи таърих дубора зинда гардид.
Ин рӯйдод аҳамияти бузурги тарбиявӣ низ дорад. Насли ҷавон бояд бидонад, ки давлатдорӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ҳар ваҷаб хоки Ватан, барои ҳар ҳарфи “тоҷик” фарзандони миллат қурбонӣ додаанд. Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар абармардон намунаи олии ватандорӣ ва садоқат ба миллат мебошанд. Арҷгузорӣ ба онҳо арҷгузорӣ ба худи миллат аст.
     Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар роҳи рушд ва ободӣ қарор дорад. Дар чунин шароит бозгардонидани хоки фарзандони фарзонаи миллат маънои рамзии амиқ дорад. Ин амал нишон медиҳад, ки давлат на танҳо ба имрӯз, балки ба гузашта ва ояндаи миллат низ масъул аст. Давлате, ки таърихи худро эҳтиром мекунад, ҳатман ояндаи дурахшон хоҳад дошт.
     Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ тавонистанд ормони наслҳои гузаштаро амалӣ созанд. Агар насли гузаштаи қаҳрамонони милат барои таъсиси давлати тоҷикон мубориза бурда бошад, Эмомалӣ Раҳмон онро таҳким бахшиданд, ваҳдати миллиро барқарор карданд ва Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибтамаддун муаррифӣ намуданд. Аз ин рӯ, истиқболи мушти хоки қаҳрамонони миллат аз ҷониби Пешвои миллат як мулоқоти рамзии ду насли қаҳрамонони Тоҷикистон буд - қаҳрамонони бунёдгузор ва қаҳрамони эҳёгари давлатдорӣ.
     Ҷойи шубҳа нест, ки мафҳуми Ватан барои тоҷикон ҳамеша муқаддас буд ва имрӯз баробари дарёфти Истиқлолият маънии боз ҳам амиқу гиромитаре ба худ касб намудааст. Ин эҳсоси пок аз муҳаббати беандоза ба сарзамини аҷдодӣ шаҳодат медиҳад. Ватан танҳо як қаламрав нест, балки ҳастии миллат, рамзи номус, шараф ва ифтихори инсон мебошад. Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар фарди худогоҳ ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пос доштани арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Миллате, ки аз гузашта ибрат мегирад ва қаҳрамонони худро қадр мекунад, метавонад ояндаи дурахшон бунёд намояд.
     Зимнан, худи ҳамон рӯз пас аз маросими ҷаноза, дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супурдани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода шуд.
     Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.
ХОЛЗОДА ШАРАФҶОН ИСҲОҚҶОН,
номзади илмҳои тиб, дотсент, муовини ректор оид ба
илм ва нашрияи ДДТХ.

Please publish modules in offcanvas position.