ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ДДТХ

     
22 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” чорабинии бошукуҳи фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона аъзои раёсат, ҳайати профессорон, донишҷӯён ва кормандон иштирок намуданд.
     Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” самимона табрик намуд.
   

 Зимни суханронии худ ректори донишгоҳ таъкид кард, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Мавсуф аз сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои таҳсил, илмомузӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ тамоми имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Қайд гардид, ки имрӯз ҷавонони кишвар, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносӣ дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
   

 Ректори донишгоҳ аз фаъолияти самараноки омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ёдовар шуда, иштироки онҳоро дар олимпиадаҳо, конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ намунаи хуби талошу ҷустуҷӯи илмӣ арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар як қатор олимпиадаҳои байналмилалӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Шоҳномахонӣ” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” иштироки фаъол намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
   

 Ҳамчунин, таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба масъалаи тарбия ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод рӯз ба рӯз бештар гардида, барои рушди неруи илмӣ ва фарҳангии онҳо шароити мусоид муҳайё карда шудааст. Бо ин мақсад донишгоҳ мунтазам барои ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, маҳфилҳои фаннӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳои сатҳи гуногун тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд.
     

Дар идомаи чорабинӣ маросими қадрдонии ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар фазои тантанавӣ зиёда аз 50 нафар омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён - ғолибони олимпиада ва озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявиӣ ва донишгоҳӣ ва иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ бо мукофотҳои пулӣ ва Ифтихорномаи ректор сарфароз гардонида шуданд.
 

   Қадрдонӣ намудани ҷавонони фаъол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ боиси болидахотирии иштирокчиён гардида, онҳоро барои идомаи фаъолияти босамар ва ноил гардидан ба дастовардҳои нав руҳбаланд намуд.
Дар идома, барномаи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем”, ки аз ҷониби дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ бо роҳбарии шуъбаи тарбия ва фарҳанг, дар ҳамоҳангӣ бо кафедраи педиатрӣ ва кафедраи фанҳои ҷарроҳии №4, таҳия гардида буд, манзури иштирокчиён гардонида шуд.
   

 Дар рафти барномаи фарҳангӣ сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои дилнишин, рақсҳои мавзун ва порчаҳои шеърии пурмазмун пешкаши ҳозирин гардида, ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуданд. Донишҷӯёни соҳибистеъдод бо маҳорати баланд ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ баромад намуда, муҳити идонаро боз ҳам рангинтар гардониданд.
   

 Дар ҷамъбасти чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон профессор Убайдулло Қурбон ба аҳли ҳунар, омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамаи масъулони баргузории чорабинӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба ҷавонон дар роҳи омӯзиш, фаъолияти илмӣ ва хизмати содиқона ба Ватан комёбиҳои нав орзу намуд. Ҳамзамон, таъкид намуд, ки ҷавонон бояд бо ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносӣ ҷиҳати истиқболи арзандаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, дар рушду пешрафти ҷомеа ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ фаъолона иштирок намоянд.




Муовинати тарбия ва фарҳанг.

Please publish modules in offcanvas position.