
Тавре ки маълум аст, яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони ба талабот ҷавобгӯйи соҳа ин бо китобҳои таълимӣ таъмин намудани донишҷӯён мебошад.
Дар ин замина, санаи 14-уми августи соли 2025 аз муассисаи нашриётии “ГЭОТАР–МЕДИА”, ки давоми чанд сол аст, ки Раёсати донишгоҳ бо он ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст, 52 номгӯй китобҳои таълимӣ бо теъдоди 663 нусха бо забони русӣ барои китобхонаи донишгоҳ харидорӣ гардида, дастрас карда шуданд.
Ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Раёсати донишгоҳ амалӣ карда мешавад ва ҷиҳати боло бурдани дониши тиббии донишҷӯён аҳаммияти бузурги амалиро доро мебошад.
Хабарнигори сомона.
30-юми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ташаббуси кафедраи забонҳо маҳфили адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи бузургдошти орифи шаҳири Шарқ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
29-уми сентябри соли 2025 вохӯрии расмии Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо намояндагони Донишгоҳи улумпизишкии Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон) ба тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид.
